Фонӯси шамъи хилват дидор гашта ам

Ойӣнаи хонаи дил бедор гашта ам

Аз файзи бодаи ботини ман соф гашта аст

Шабҳо зи рози субҳ хабардор гашта ам

Шамъи забони зи партави дил дар гирифта аст

Хиҷлати гудози хилват изҳор гашта ам

Соқии пиёлае ки тамошоӣ бихўдӣ аст

Монанди шуълаи ҳавсила гулзор гашта ам