Пиёла бар кафу чашми ту дар назар дорам

Димоғӣ аз гули паймонаи тоза тар дорам

Ҳамеша мастии ман ҷоми ҷам ба каф дорад

Хабар надорам ва аз олимӣ хабар дорам

зи синаи софии худ дар ҳисори фӯлодам

зи санги таънаи бадхоҳ кӣ ҳазар дорам

Ба домани мижаи ашками ғубор май резад

Чаҳ шуд ки мояи сад баҳр дар ҷигар дорам

Асири ноз бар афлок метавонам кард

Бибин ки чашми сиёҳ ки дар назар дорам