Манам ки нашъа май аз хумор нашиносам

Манам ки ҷӯши хазон аз баҳор нашиносам

Чунон фирефтаи шавқам ба роҳи ваъда ӯ

Ки сари зи поу дил аз интизор нашиносам

Ниҳодаам сари осӯдагӣ ба пои гулӣ

Ки ғунчаро зи чароғ мазор нашиносам

зи шарми ҷилваи шӯхи ту навбаҳор гудохт

Аҷаби мадор ки гулро з хор нашиносам

Ба олимӣ надаҳум мисраии асири ним

Ки қимати сухан обдор нашиносам