Мо дард ба дармон масеҳо нафурӯшем

Сомони лаби хушк ба дарё нафурӯшем

Гумномии мо дар талабати Хизри раҳи мо

Шавқи ту ба болу пар анқо нафурӯшем

Мо тӯҳмати неку бади мардуми нсроиим

Динӣ ки надорем ба дунё нафурӯшем

Он қадар шиносем ки дар қаҳти харидор

Бадномии Юсуф ба Зулайхо нафурӯшем

Додеми ҷаҳонроу дили танги гирифтем

Чизе ки харидем дигар во нафурӯшем