Чу ахгари шуъла пурвирдаст мағзи устихони ман

Чаҳ мунтаҳо ки дорад гармии ишқат ба ҷони ман

Дар оташ гар набошам сӯхтан бекор ме монад

Чароғи шуъла равшан мешавад аз дудмони ман

Чаҳ созам бо ҳуҷуми орзӯ каз бими хуй ӯ

Муҳаббат ҳам нагардад қосиди рози ниҳони ман

Умеди ошноӣ аз вафои бегона Эй дорам

Каз истиғнои хаёлаш ҳам нагардад ҳамзабони ман

Чаро қадари асир худ надонад чини абрӯяш

Ки умрӣ карда аз теғи тағофули имтиҳони ман