Гар ба маҳшари лутфи соқӣ узрхоҳ ояд бурун

Кӯи дилӣ каз ӯҳдаи шарм гуноҳ ояд бурун

Дидаам хобӣ ки таъбираши саросар ҳайрат аст

То куҷо бо ҷилваи маҳшар паноҳ ояд бурун

Пурсиши девонам аз ҷӯши гуноҳони даври бод

Дӯзахи он рӯзӣ ки ошиқ бегуноҳ ояд бурун

Гиря мекардам чаҳ донистам ки сайёди маро

Сабзаи маҳшари зи хок сайдгоҳ ояд бурун

Ханда бар хокистари ҳасрати шарор мо мазан

Он қадр биншин ки он мижгон сиёҳ ояд бурун

наметапад дар хӯни худ аз хиҷлати қотили асир

Карда сайди тақсиру тарсад бегуноҳ ояд бурун