Дар оташ дорам аз ҳар узви бандӣ
Газандӣ ҳар касе дорад сапандӣ
Ба доми сояи сарвами гирифтор
зи истиғнои баландии қади баландӣ
Раҳои сарнавишт толеъам нест
Чу не май уфтам аз бандӣ ба бандӣ
Ҷудо ҳар зарра аз ман дар ҳисоб аст
Ғуборами гирди ҷавлони самандӣ
Тағофул сӯз гардидам нигоҳӣ
Ба талхии ҷони супурдами нӯшхандӣ
Такаллуф чист зиндони нифоқӣ
Тавозуъ чист доми решхандӣ
Асир ҳайратам дорад шабу рӯз
Дили соҳиби камоли худ писандӣ