Накунад гарчи касе гӯш ба фарёд касе
Ҳеҷ кофар накушуд миннати имдод касе
Ҳар чаҳ май гӯйӣ аз он арбада ҷӯ ме ояд
Оҳ аз он дам ки ба афсун равад аз ёд касе
Беш аз ин ҳам чаҳ кунад санъати ойӣнаи гарон
Дарс бениш натавон хонд ба имдод касе
Рафтам аз хотираш аммо нафасӣ бе ман нест
Натавон барад фаромӯшем аз ёд касе
Шуъла дод аз нафасӣ хирман ҳастӣ бар бод
Накунад рӯ ба харобии дили обод касе
Як сухан бар варақи дафтари эҷод бас аст
То қиёмат нашавад ҳеҷ каси устод касе
Ҳаст иқлӣми муҳаббати ситами ободи асир
Ҳеҷ кас шиква накардааст збидод касе