Хору гулро ҷӯши як паймона медонем мо
Сабзаи бегонаро афсона медонем мо
Ху ба улфат кардаро бегона медонем мо
Сояи девонаро девона медонем мо
Дар риёзӣ каз хиромати шамъи мино равшан аст
Накҳати гулро пар парвона медонем мо
Пеши маҷнӯни сарбаландиҳо хаёлӣ беш нест
Осмонро соя вайрона медонем мо
Шуълаи ҷувола аз ҳар трктозш дида ем
Ҳар ғубориро пар парвона медонем мо
Ҳарфӣ аз лавҳи ҷабини дӯстиҳо хонда ем
Ошноёнро зи ҳам бегона медонем мо
Аз харобиҳои дил гардӣда номи мо баланд
Субҳдамро гирди ин вайрона медонем мо
Беқарориҳои пинҳон гуфту гӯии мо бас аст
Аз тапиданҳои дил афсона медонем мо
То саводи хати савдои ту равшан карда ем
Нўхтонро сабза бегона медонем мо
Ҷилваи эҷод дар нури чароғи худ гум аст
Офаринишро пар парвона медонем мо
Кас наме фаҳмад забон гуфту гӯии мо асир
Ҳарчӣ медонем мо бегона медонем мо