Шиша бар хора ба сад ранг задани пешаи мо

Бесутуни маъдани алмосу ҷигари тешаи мо

Аз гули нолаи занҷир ба бор омада ем

Магари абрешими ин соз буд решаи мо

Гардиши чашми ту сайёдӣ дигар дорад

Шерро сояи оҳӯи шимурди бешаи мо

Санги Тифлон чаҳ хуши оянда баҳорӣ дорад

Вақт он шуд ки ба гул бонг занад шишаи мо

Бесутуни маъдани ёқӯт хиҷолат гардад

Шабнам аз гул нахарошид дами тешаи мо

Сӯхт дар пардаи дили хӯни таманно ва ҳануз

Сабзаи рангини дамад аз гулшани андешаи мо

Гашта аз бскаҳ ба душмани дили мо софи асир

намехӯрд санги қисмҳо ба сари шишаи мо