Фалак бар кордониҳои аҳл ҳуш ме хандад

Қазо чун дар набард ояд ба ҷавшан пӯш ме хандад

Ба ранги мавҷи парвози канорӣ дар бағал дорам

Ки баҳр аз шӯртаи бодаш ба сад оғӯш ме хандад

Бибин аз ҷабҳаи ёқӯту симои садафи равшан

Фазояд қимати онро каз лаб хомӯш ме хандад