Ду чашми масти ту , хуш май кашанди ноз аз ҳам

намекунанд ду бади маст , эҳтироз аз ҳам

Шудӣ ба хоб ва ба ҳам рехти хайли мижгонат

Гушои чашм ва ҷудо кун сипоҳи ноз аз ҳам

Миёни абрӯу чашми ту , фарқ натавон дод

Бало ва фитна надоранд имтиёз аз ҳам

Кас аз забони ту , бо мо сухан наме гуяд

Чаҳ нуктаи ист ки пӯшанд аҳли роз аз ҳам

Шаби фироқи ту бгсихт дар кафи мутриб

зи сӯзи синаи ман , пардаҳои соз аз ҳам

Ба боғи сарву санавбар чу қоматати диданд

Хаҷал шуданд зи пастӣ , ду сарфароз аз ҳам

Парии рухон чу гирифтор ва дарҳамам хоҳанд

Гиреҳ зананд ба зулф ва кунанд боз аз ҳам

Ту дар намози ҷамоати Марв ки май тарсам

Кашии эмом ва бипошӣ сафи намоз аз ҳам

Дилам ба зулфи ту , монанди съўаҳ ме монад

Киаш ба хашм бигирад ду шоҳбоз аз ҳам

Ту бӯса аз ду лабат додӣу сабӯҳии ҷон

Ба ҳеҷ ваҷҳ , нагаштем бениёз аз ҳам