Ғамат шавад ба дили ман фузун , дақиқаи дақиқа

Дилами з ҳиҷр шавад пари зи хӯн , дақиқаи дақиқа

Ҳар ончии хӯн ба дилам шуд зи иштиёқи ҷамолат

Шуд аз ду дидаи зорами бурун , дақиқаи дақиқа

Ҳар он дилӣ ки ба доми каманди зулф ту уфтад

зи ғам , фитад ба сар ӯ ҷунуни дақиқаи дақиқа

Ҳалок мешудам аз тири ноз ӯ , ба нигоҳӣ

Агар лаб ту намешуд масӯн , дақиқаи дақиқа

Чаҳ фитнаи ист ба чашми сёҳкори ту , эй ма ?

Ба як назар , кунад олами фусун , дақиқаи дақиқа

Киро шаҳид намӯдӣ ба раҳгузор , ки резад

зи теғи нози ту пайвастаи хӯн , дақиқаи дақиқа

зи зарби тешаи Фарҳоду тири ғамзаи ширин

Ҳануз нола кашад бесутун , дақиқаи дақиқа

Пас аз ҳикояти маҷнӯни зи ишқ ва аз ғами Лайлӣ

Касе надида чу ман то кунун дақиқаи дақиқа

зи калаки нағзи сабӯҳии шукри зи хомаи бирезад

зи васфи он лаби ёқӯти гаван , дақиқаи дақиқа