Дар мотами шаҳӣ ки сараш аз ҷафо баранд
Рахт азо равост зи сар то ба по баранд
Ҳаргиз шунидаед ки беҷурм ва бе гуноҳ
Ҳамчун ҳусайн касе ки сараш аз қафо баранд
Ҳаргиз шунидаед ки аъзои кушта ро
Аз ҳам ҷудо намӯдау ҳаряк ҷудо баранд
Ҳаргиз шунидаед ки дар шодӣ касе
Аз баҳри наварӯси либос азо баранд
ё худ ба ҷои рахт арӯсӣ шунида ед
Аввали кафан ба қомат нўкдхдо баранд
Саққо шунидаед ки лаби ташна ҷон диҳад
ё баҳри оби бозуӣ ӯ аз ҷафо баранд
Ҷамъии набии парасту худо гӯ шунида ед
Бегонаи вори сари зи тан ошно баранд
Бошад раво « вафое » агар хайли ҳури айн
Гесуии хеш яксар аз ин моҷаро баранд