Шоми висолат чаҳ ба аз рӯзи ҳиҷр

Оташ сӯзанда ба аз сӯзи ҳиҷр

Хуш буд ин ваъдаи дидори ёр

Ишқи ниҳон ба зи ғами ошкор

Оҳ чаҳ давлат ба азин дар ҷаҳон

Кони бут айёр бигӯед ки ҳон

Ҳар ки ниҳони дилбари худро бидид

Вази ғами ҳиҷрон ба висолӣ расед

Рӯзи ҷафоҳои рақибони манол

Гар шӯй аз дасти фалаки поймол

Гар ҳамаи ғмздаҳҳои ҷаҳон

Шод нишинанд ба дилбари ниҳон

Сӯфии саргаштаи туро суд чист

Бар ту ҷаҳони ҷумла бибояд гирист

Он шаби беҳруз ки дар ваъда буд

Чун ки азин авҷи фалак рӯ намӯд

Ошиқи бечораи талаб кор шуд

Дар ақаби ваъда дидор шуд

Мунтазиру музтариб ва бе қарор

Дидаи ниҳода ба раҳи интизор

Он дар давлат ба Рахш боз шуд

Нола ва он сӯзи дилаш соз шуд

Дар қадам ёр фитод ӯ чу хок

Буд дар он воқеаи бими ҳалок

Нест дигар воқифи асрори кас

Соя чу муҳаррам набӯд он нафас

эй ки шудӣ шоди зи дидори ёр

Он ду се дамро ту ғанимати шумор

эй ки шудӣ шод дар он анҷуман

Ёд кун аз ҳоли ҷудои ман

Аз дили маҳрӯми ман бе қарор

Ёд кунӣ чун биншинӣ ба ёр

Зон ки марои муҳаррам асрор нест

Ҳеҷ умедами зи рух ёр нест

Дард дилӣ дорам ва муҳаррам куҷост

Оҳи дарин воқеа ҳамдам куҷост

Гашта мунофиқи сифат , ин марду зан

Сӯфӣ бечора бирав дам мазан

Муҳаррами асрори худои ту бас

Доруии ин дарди дуои ту бас