Ходимаи хандону дили шодмон

Омад ва бинишаст ба пеши ҷавон

Гуфт ҷавонро ки шабати гашти рӯз

Ҳеҷ дигар дар ғами ҳиҷрони мсўз

Шоми фироқи ту ба поён расед

Дарди турои навбат дармон расед

Бахт бибин бози мададгори тест

Ин асари дидаи бедори тест

Гуфт биёи имшаб ва бар гири ком

Аз лаби ҷони бахши ман эй неки ном

Ошиқи бечора чу инро шунид

Рӯҳи равон аз тан ӯ бар парид

Неши ҷафо бар дил ӯ нӯш шуд

Меҳнати дерина фаромӯш шуд