Нӯш кун хоҷаи алии рағми суроҳеи шиканон

Бодаи талх ба ёди лаби ширини даҳанон

Дар ҷавоб ӯ

Ҳаваси қалия каду дораму андешаи нон

Ин муродаст маро , бор худоё бирасон

Соилӣ кард зи гипо , зи ман хастаи суол

Гуфтам онҷо натавон гуфт ки сиррӣаст ниҳон

Ҳаст бурҳони дили гуруснаи бирёну биринҷ

Чун далеласт биёи хоҷа ва моро бурҳон

« ранги рухсора хабар медиҳад аз сари замир »

Иллати гуруснагӣ чанд тавон дошт ниҳон

Ҳеҷ доне ки биринҷ аз чаҳ буд ошуфта

Хӯн бисёр хӯрд ҳар нафасӣ аз бирён

Саҳн бғро бирасон « атъимаами ман ҷўъ »

То биёбам ман савдо зада зини хавфи амон

Сӯфии дил шудау сҳнки бғроу биринҷ

Ҳар касеро буд имрӯзи Муродӣ ба ҷаҳон