эй марои сӯхтаи савдоӣ батон таҳ бар таҳ
Ғунчаи пар хӯнаст аз он шавқи даҳони таҳ бар таҳ
Гар забон боз накардӣ зи ҳамаш ҳамчуи шукр
Баста будӣ ба ҳамон лаъли лабони таҳ бар таҳ
Дар чаман аз рух ӯ парда барандохт сабо
Ҳаст гул дар арақ аз хиҷлати он таҳ бар таҳ
Май гулгун ба каф оред ки нафъаш чун тиб
Бинвиштааст бар авроқи рузони таҳ бар таҳ
эй дил андеша макун бар сари кӯяши зи рақиб
Кӯ пиёзаст чу бемағзу миёни таҳ бар таҳ
Чу барояд ба сари боми ҳамаи халқон ро
Шавад аз ҳайрат ӯ вирди забони таҳ бар таҳ
Сухани сӯфии длсўхтаҳ беҳоле нест
Ҷумлаи дафтар ӯро ту бихон таҳ бар таҳ