зи чашм хӯн фишон хеш дорам чашм аз он имшаб
Ки аз ашкам равон созад ба кӯяши корвони имшаб
Магар дар базми мо он оташин рухсор ме ояд
Ки моро ҳамчуи шамъ афтодааст оташ ба ҷони имшаб
Ба азми рақс дар маҳфили камар чун баст ме гуфтам
Ки як ошиқ нахоҳад баради ҷонӣ аз миёни имшаб
Тапиданҳои дил аз ҳади гузашти умед он дорам
Ки тири ноз ӯро сина ам гардад нишони имшаб
Набошад фурсати ҳарфии зи ҷӯш гиряам варна
Шикоятҳо басӣ дорам зи бахти саргарони имшаб
Аён шуд зинда равадӣ ҳар тараф аз чашми гирёнам
Табиби афтодае дигар ба фикри Исфаҳони имшаб