Дил ошиқ намегардад ба роҳати меҳрбони ҳаргиз

Ки булбул дар чаман аз гул набандад ошёни ҳаргиз

Ба худ чун захми гул марҳам нагирад доғи ҳиҷронам

Нагардад ҳечкас ёрб ҷудо аз дӯстони ҳаргиз

зи хўнриз асирон нест парвои чашми масташ ро

Ки раҳмӣ нест раҳзанро ба ҷои корвони ҳаргиз

Табиб аз шавқи ишқаши шамъи сон дар вақти ҷон додан

Забон аз ҳарфи ишқ ӯ наёрад дар даҳони ҳаргиз