Ҳар чанд бар он ориз гулгун нигарад кас

Дил мекашадаш боз ки афзӯн нигарад кас

Кӯи тоқати назораи базмӣ ки буд ёр

Ҳам субҳати ағёру з берун нигарад кас

Хусрави нигарон бар рухи ширину зи ғайрат

Фарҳод нахоҳад ки ба гулгун нигарад кас

Зини пеш чаҳ ҳосил ки ба ҳолами ?назарет буд

Бояд ки ба ин хастаи дил акнӯн нигарад кас

Ҳайҳот ки бар сарви равони дидаи кушояд

Дар ҷилвагар он қомат мавзун нигарад кас

Аз ҳасрати дидори тугар ҷон бисипорад

Бар рӯй ту аз шарм дигар чун нигарад кас

Онҷо ки сухан меравад аз сари муҳаббат

То чанд турои гӯш ба афсун нигарад кас

Доғи дилаш аз оҳи ҷигарсӯз табиб аст

Ҳар лола ки бар доман ҳомӯн нигарад кас