Он мурғи бенавоӣам , каз ошиёнаи мо
Сад кӯчаи боғ роҳаст , то обу донаи мо
Мо шуълаем , лекини пеши касони зи тамкин
Сокин чу оташ ме, бошад забонаи мо
Бо онкӣ ҳар фасона , хоб оварад ба дида
Аз дида май баради хоб , доими фасонаи мо
Абнои ҷинси моро , чун муҳраҳои шатранҷ
Аз баҳри ҷанги орад , даврон ба хонаи мо