То ҷони фидои намоям , бар захмаҳои мутриб
Сар май нуҳум чу ғичк , дар пеши пои мутриб
Дафро чу гарм созад , орми зи сӯзи гиря
Бар рӯй дасти мижгон , оташ барои мутриб
Гул аз мақоми савташ , метофт гӯши рағбат
Булбул агар намедошт , тарз навой мутриб
Шаҳри пиёлаи нӯшӣ , ҳамчун ҳисори нағма
Бекӯча нишотаст , гар нест ҷои мутриб
Чок дилам насозад , бо сӯзани руфӯгар
Аз ришта гар набинам , ранги садои мутриб
Шуд дар кафи таъаллуқ , себи дилами дўпораҳ
Насафӣ барои соқӣ , насафӣ барои мутриб