Нолаҳо дар баҳр ва бар дорад ғариб
Коми хушку чашм тар дорад ғариб
То кунад парвоз , рӯ бар шаҳри худ
Орзӯии бол ва пар дорад ғариб
Сайри ғурбат , хор ва зораш ме кунад
Ҳамчуи гул , ҳарчанд зар дорад ғариб
Гар набошад сандали ёди ватан
То қиёмати дард сар дорад ғариб
Дар ғарибии хотири эмини мҷўӣ
Ҳар қадам , чандин хатар дорад ғариб
Не ба шоҳин завқ дорад , не ба боз
Завқи мурғи нома бар дорад ғариб
Кор накушояд зи дасташи икқлм
Гар чу тғрои сад ҳунар дорад ғариб