Дар сози фиғонами раҳи овоз ғалат шуд

Аз замзамаам нағмаи дмсоз ғалат шуд

Печиди садо дар чаман аз нағмаи булбул

Чандон ки раги гул ба раги соз ғалат шуд

Дар боғи таманно чу гушӯдем Перуи бол

Аз ҳар тарафи андозаи парвоз ғалат шуд

Дармондаи ислоҳи ғалати зори сулӯкам

Ҳарҷо пай ислоҳ шудам , боз ғалат шуд