Шамъ ! биншин зи тарабхонаи парвонаи ҷудо
Тарк фонӯс макун , гӯри ҷудо , хонаи ҷудо
То лаби шиша ба сад бӯса нагардад зомин
Лаб соғар нашавад аз лаби ҷононаи ҷудо
Шонау зулф ба ҳам то сар улфат доранд
намекунад хӯн ба дилам , зулфи ҷудо , шонаи ҷудо
Бас ки норостӣ аз соғари даврон гул кард
Ҳамчу наргис накунам дасти зи паймонаи ҷудо
Буии ободӣ агар по нагузорад ба миён
Чун харобӣ , нашавад ҷғди зи вайронаи ҷудо
Дар қафас то накунам замзама бо хотири ҷамъ
Дод сайёд ба ман оби ҷудо , донаи ҷудо