Надорад интиҳои борони ашкам
Битарс аз сайл бе поёни ашкам
Куҷо шуд бориши абри баҳорӣ ?
Ки гардад қатрааш ҳайрони ашкам