Рӯйиш чу офтобаст , ӯро наме шиносӣ
Зулфаш чу машк нобаст , ӯро наме шиносӣ
Гуфтӣ ки навгулатро дар боғ ҳасан дидам
Он ғунча дар ниқобаст , ӯро наме шиносӣ
Чун бо рухи дурахшон , аз хона шаб барояд
Як шаҳр моҳтобаст , ӯро наме шиносӣ
Гар соғари ду чашмаш , ояд ба гардиши ноз
Сад базмро шаробаст , ӯро наме шиносӣ
Тғро магӯ ки он гул , бесоз мехӯрд май
Оҳи маниш рубобаст , ӯро наме шиносӣ