Ҳаркиро бошад чу мангар шӯхи симини ғабғабаш
Дар ҷаҳон набӯд ба ғайр аз шодкомии машрабаш !
Оқибати ҳаркас ки дил бастаст андари зулф ӯ
Ҳал шавад аз уқдаҳои ин муаммои матлабаш
намерасад охир ба васли давлати Лайлӣ ваашон
Ошиқирогар буд маҷнӯни шарики мактабаш
То дами рӯзи қиёмати сад ақиқи андари Яман
Хӯн ҳасрат мехӯрд аз сурхии лаъли лабаш
Май намояди чашми моро чун ҳилоли рӯзи ид
Ҳркҷо бошад нишони лаъли пои мураккабаш
Ваъдаи як бӯсаи машрӯт ба ҷонам карда буд
Насх таълиқаст гуё хати райҳони лабаш
Моҳ дар ақраб буд манҳус дар назд ҳаким
эй хуши он рӯзӣ ки бошад моҳи андари ақрабаш !
Чун сегон нолид туғрул бар дараш то субҳдам
Номдши раҳмӣ ба дил аз нолаи ним шабаш !