Фалак то кӣ ҷафо бар оли пайғамбар раво дорад

Раво то кӣ ҷафо бо аҳли байт Мустафо дорад

Биё дар Карбало эй дил ! ба ҳасрати дида Эй бигушо

Ба тараф гулшанаш бингар чаҳ рангии лола ҳо дорад

Саросари лолаҳояш , навҷавонон банӣ ҳошим

Ки Заҳрои баҳрашон чун лола бар дили доғ ҳо дорад

Аламдори сипоҳу соқии базми вафои аббос

Канори об , лаби ташнаи ду даст аз тан ҷудо дорад

Алии Акбари он ойӣнаи рухсори пайғамбар

Тании сад порау фарқии зи теғи кини ду то дорад

Ятеми Муҷтабои қосим ба ёрии амӯии худ

Ҳино аз хӯни фарқи хештан , барадаст ва по дорад

Нишаста зери ханҷари ташнаи лаби сибти набӣ аммо

Ба ҳргомӣ ки бардорад нигоҳӣ бар қафо дорад

Ҳусайн эй куштаи роҳи худо ! дарёб « туркӣ » ро

Ки ин перонаи сар бар сар , ҳавоӣ Карбало дорад

Шҳо ! гӯйанд шуд дар Карбалоят ҳар касе мадфӯн

Пас аз мурдан , чаҳ тарс аз пурсиши рӯз ҷазо дорад