Дарди ранҷурони ту , дармон чаҳ медонад ки чист ?
Шоми маҳҷӯрони ту , поён чаҳ медонад ки чист
Шӯри маҷнӯни туро , саҳро набошад эҳтиёҷ
Оташи ҷонсӯзи дил , домон чаҳ медонад ки чист ? !
Хӯни мурда , ҳаргиз аз нашутур нагардад бохабар
Мурдаи дили он ҷунбиши мижгон чаҳ медонад ки чист
Аз сароби худнамое , дили туро хӯрдааст об
Зуҳди хушкат , дидаи гирён чаҳ медонад ки чист ?
Аз таби саргармии дунёст аз баси талхи ком
Ҷони манъами лиззати эҳсон чаҳ медонад ки чист
Мо ба ризқи тозаи ҳаррӯза одат карда ем
Нони мо дили хастагон , анбон чаҳ медонад ки чист
Мо ба мору мӯри хоки гӯри тан дар дода ем
Хонаи мо қолии Кирмон чаҳ медонад ки чист ?
Роҳ дорад чун нигаҳ ҳар хору хас дар чашми мо
Кулбаи вайрони мо дарбон чаҳ медонад ки чист
Ҳамчуи хас ҳар ҷо насимӣ бугзарад , дар хизматем
Воъизи овораи хону мон чаҳ медонад ки чист ?