Сӯии ёр аз ҳама пардохта мебояд рафт

Гар ҳамаи ранг буд , бохта мебояд рафт

Ноқаи азм заъифаст ду маҳмил накушуд

Ду дили хеши яке сохта мебояд рафт

Дар раҳи дӯст чу обӣ ки шавад соф ва равад

ҲамРаҳонро ҳама андохта мебояд рафт

Корам аз даст шуд эй қосиди оҳи саҳарӣ

То дил ӯ ҳама ҷо тохта мебояд рафт

Ба тамошои ҷамолаши ҳамаи кас муҳаррам нест

Хешро аз назар андохта мебояд рафт

Гашт чун сайқали ойӣнаи қад аз фикри банно

Хона гардид чу пардохта мебояд рафт

Ба масофӣ ки адуи теғ каҷӣ афрозад

Илми ростӣ афрохта мебояд рафт

Сипар аз давраи оғӯш буд мардон ро

Барадами теғи аҷал , тохта мебояд рафт

Ҷониби санги бало эй самари боғи вуҷӯд

Чун шукуфа сипар андохта мебояд рафт

Тан ба хокистари восўхтгӣ бояд дод

Ҳамчуи ойӣна пардохта мебояд рафт

Ҷониби аҳли карам , дасти тиҳии бол ва пар аст

Сӯии ҷонони ҳамаро бохта мебояд рафт

Воъизи ин бори алойиқ ки ту бардошта ӣӣ

Ҳамаро оқибат андохта мебояд рафт