Гул чу ӯ хоҳад шавад , бингар хаёли хомро ?

Сарви ҳарф қад занад пешаш , бибин андом ро

намекунад кайфияти он чеҳра , як сари ҷом ро

Пухта созад оташи лаъли ту , ҳарфи хом ро

Ҷанги он бдхў , маро аз ҷони ширин хуштар аст

Карда ботили шаҳди он лаби талхии дашном ро

Муддао аз дил бурун кун , то барояд муддао

Шуд нигин бо ном , то афганд аз худ ном ро

Мешавад дар қатлами он бирҳм , ором тар

Мебарад ҳарчанд аз дили бештари ором ро

Бскаҳ дорад боман он бирҳми доими заҳри чашм

Ҷузи азин нисбат надонам талхии бодом ро

Гарчи бенаии бакори худ , зи ҳақи рӯзии талаб

Баҳри моҳии чашм бар дарёст доими дом ро

Пари зи мо ноҳмдмони рӯзи сияҳро ранг нест

Дар ғарибӣ ҳаст воъизи бештари ғам , шомро ?