Танг аз бскаҳ шуд замонаи мо

Мардумӣ хост аз миёнаи мо

Чун нишинам бзири чарх ки ҳаст

Ҳалқаи мори ошиёнаи мо

Роҳат аз мо зи бас гурезон аст

Мирмди хоб аз фасонаи мо

Лухти дили нома ва , зи доғаши меҳр

Ашки мо , қосиди равонаи мо

Бас буд дӯди оҳу оташи ишқ

Лоҷуварду тиллои хонаи мо

Дорад аз ашки шамъи сони парчам

Илми оҳи ошиқонаи мо

Хоксорем ва , ҳамчуи оби ҳаёт

Мехӯрд хокмоли донаи мо

Мекунад тарки масҷиду минбар

Башнавад воъиз ар таронаи мо