Лабрез то з бода нигарадед ҷоми мо
Дар номаи амали ннўштнди номи мо
Мо худ хароб ва маст шаробему мӯҳтасиб
Набӯд хабари зи мастии шурби мудоми мо
Дорам ҳавои онкии зи бомаши пурм валек
Бинмуда чини зулфи каҷаши пои доми мо
Чун гаштаем ҳалқа ба гӯши ҷаноби ишқ
Зебад ки моҳ чордаҳ гардад ғуломи мо
Бо инчунин таҳаққуқи омолу васли ёр
Бинишастааст мурғи саодат ба боми мо
эй муддаӣ агар бигушое ту чашми дил
Бинии шикваи иззату ҷоҳу мақоми мо
Ин нукта равшанаст ки дар даври рӯзгор
Бошад сафоу сидқу муҳаббати мароми мо
Ваҳдат бануш бодаи ваҳдати зи дасти дӯст
Беҳтар аз ин ба даҳр набошад гумони мо