Гардун чу зад ливои вилоят ба боми мо

Сомон гирифт шаръи паямбар ба номи мо

Дар наъти ин басаст ки рӯҳи аломини пок

Оради саломи борӯи расонади паёми мо

эй хоҷаи бандагӣ ба мақомӣ рисонда ем

КоФср рибоед аз сари шоҳони ғуломи мо

Моро давоми умр на аз давр анҷум аст

Бошад давоми даври фалак аз давоми мо

Дардо ки беҳузур майу давр ҷом рафт

Сӣ соли рӯзгори ҳамаи субҳу шоми мо

Соқӣ чу як ишора шуд аз пер май фуруш

Лабрези сохт аз май тавҳид , ҷоми мо

Моро ки лаъли ёр ба комаст ва май ба давр

Даври сипеҳри гӯ ки нагардад ба коми мо

Дар остони майкадаи моро кунед хок

Шояд ки буи бода расад бар машоми мо

Ваҳдати румузи мастӣу асрори ошиқӣ

Яксар тавон шинохти зи тарзи каломи мо