Май хур ки ҳар ки менахурд фасли навбаҳор
Пайвастаи хӯн дил хӯрд аз дасти рӯзгор
Май дар баҳори сайқали дилҳои огаҳ аст
Аз дасти ёри хосса ба оҳанги чангу тор
Дар аҳди гули зи дасти мадаи ҷоми бода ро
Кин бошад аз ҳақиқати ҷамшеди ёдгор
Саҳни чаман чу водӣ эмин шуд эй азиз
Гул барфурӯхт оташи Мӯсои зи шохсор
Омухтанд мастӣу девонагии маро
Девонагони оқилу мисатони ҳӯшёр
Аз бандагӣ ба мартаба хоҷагӣ расед
Ҳаркас ки кард бандагии дӯсти бандаи вор
Ваҳдати биё ва бар дар тавфиқи ҳалқаи зан
Тавфиқ чун рафиқ шавад гашти бахти ёр