Гавҳар дорад чу дида дар бор

Бо ҷавҳарён буд марои кор

Гардид зи шарми лаъли эшон

Ёқӯти ҳазор ранг дар кон

Марҷон бар он лабони пари шӯр

Бошад чу чароғи рӯз бе нур

Азхҷлти он даҳону дандон

Шуд дару садаф чу лаълу марҷон

Аз диданашон чу аҳли васвос

Шуд сахти қимор , бохти алмос

Аз бас ки фурӯғи шан зиёд аст

Пайвастаи матоъи шан касод аст

Хуршед нагашта муштарӣ ёб

Дар ҳолати байъи карами шаби тоб

Ҳайрат зада рости ашки хӯни бор

Чун айни алҳр ба дайни зуннор