Саҳҳоф ки дили з ҷавраш обаст

Гуёӣ хамӯш чун китобаст

Сар бар хати ҳукм ӯ ниҳодам

Рӯзӣ ки ба қайд ӯ фитодам

Чун сатри китоб аз паии ком

Гардид рагами забон дар андом

Ҳар пайвандӣ барои ман банд

Шуд то чу қаламам ба домами афканд

Бар ваии дили пора пора шуд ҷамъ

Парвонаи мисол бар сари шамъ

Шуд ҷамъи дили хароби музтар

Шероза шуд ин китоби абтар