Бар пери хамидаи қади маҳҷӯр
Доим равад аз камони гарони зӯр
Устодии ишқ бе амонаш
Фӣ улҳол кашад ба хар камонаш
Он пер ки чилла ҳо кашида
Ин ҷо ба муроди худ расида
Монанди камони зи ҳасани олӣ
Сад хона намӯдаанд холӣ
Кӣ ҳам чу камон шавам мушавваш
Доранд гарм ба рӯй оташ
Аз сар то пои асири ёрам
Гӯйӣ ки камон чилла дорам
Мансур ба хасми ошиқонаш
Доим бошад чун камонаш
Ошиқ ба ду дасти баста бар пушт
Монанди камони ҳазор каси кишт
Орм чу камон ба хасми худ рӯ
Пайваста ба пушти гармӣ ӯ