Зини сон ки тунд мегузарад хуши хироми ман

Кӣ мултафит шавад ба ҷавоби саломи ман

Гуфтам бигӯ аз он лаби ширини ҳикоятӣ

Сад талх гуфт дилбари ширини каломи ман

Он шамъгар зи сӯзи дили ман хабар надошт

Баҳр чаҳ барфурӯхт чу бишунид номи ман

Комӣ наёфтам зи лаб ӯ ба бӯса Эй

Ҳаргиз набӯд он лаби ширин ба коми ман

Ваҳшии ғизоли ман ки ба ман орамида буд

Ваҳшӣ чунон нашуд ки шавад бози роми ман