Ба дастовар бутии ҷони бахшу айш ҷовдонӣ кун
Ҳаёти Хизри хоҳии фикри об зиндагонӣ кун
зи аҳли ншأаҳи ҳарфӣ ёд дорам ҷон ман бишинав
Нишин бо шишаи ҳамзону ва майро ёр ҷонӣ кун
Дили миноӣ май бояд ки бошад соф бо риндон
Дигар ҳаркас ки бошад гӯ чу соғар саргаронӣ кун
Ба овози дафу неи хокбўс дайр ме гуяд
Биёи хок дар майхона бош ва Комронӣ кун
зи рангомезӣ даврон машав ғофили з ман бишинав
Май рангин ба ҷом андозу ориз арғавонӣ кун
Насиҳат гӯш кун ваҳшӣ ки аз ғам пер гардидӣ
Суроҳеи гиру соғари хоҳу ҳаззӣ аз ҷавонӣ кун