Ба ҷавр , тарки муҳаббати хилофи одати мост

Вафои мусоҳиби деринаи муҳаббати мост

Туу хилофи муруввати худо нигаҳ дорад

Ба мо ҷафои ту аз бахт бе муруввати мост

Басои гадо ба шаҳон нарад ишқ бохта анд

Ба мо маханд ки ин расми бад на бидъати мост

Ба дайгарӣ нагузорем , мурдаем магар

Нишони тири тағофул шудан ки хизмати мост

Туе ки иззати мо май барӣ ба кам маҳаллӣ

Ва гарна хории ишқати ҳалоки суҳбати мост

Ба даъвии омада будем чошнӣ кардем

Камони ту , на ба бозуии сабру тоқати мост

Ҳазор банда чу ваҳшии харид ва кард озод

Кунад музоиқа аз як нигаҳ ки қимати мост