Биҳамдиллоҳ кигар дидеми ранҷӣ

Дар охир ёфтем ин таври ганҷӣ

Дар ӯ носуфтаи гавҳарҳо ниҳода

Тилисмаш то ба акнӯн нокушода

Ба номи эзад чаҳ ганҷи шоягонӣ

Каз ӯ гардид пари ҷавҳари ҷаҳонӣ

Нагу осони тилисмашро кушодам

Ки пари ҷонӣ дар ин андеша додам

Ба душвории чунин ганҷӣ тавон ёфт

Балӣ кӣ ганҷ беранҷӣ тавон ёфт

Димоғам тира шуд чун хома бисёр

Ки то кардам рақами ин нақши паргор

зи мӯи андешаро кардам қалами соз

Шудам ин лаъибатонро чеҳраи пардоз

Басӣ ҳамчун бихӯрам сӯхти айём

Ки то гаштанди ин рӯҳонӣони ром

Саҳари хезӣ басӣ кардам чу хуршед

Ки зар гардид хоки роҳи умед

Чу бутаи пар фурӯ рафтам ба оташ

Ки охири ин тилло гардид бе ғаш

Ки муштии хоки раҳ гар барграфтам

Рӯонаш дар либос зар гирифтам

Магар шуд хотири ман меҳри ҷони тоб

Казу гардид хоки раҳи зари ноб

Бурун овардаам аз кони умед

Зари лоиқ ба зеби тоҷи хуршед

Чунин бе ғаши зарӣ аз кон барояд

Чаҳ кон каз модари имкони бзоид

Дар ин маъдан ки зар симоб гардид

Басон кимиё ноёб гардид

Парешоне басӣ дидам чу симоб

Ки то шуд ҷамъи ин муштии зари ноб

Зари ноБами зи кон дайгарӣ нест

Бад-ӣн дар ҳам нишон дайгарӣ нест

з ҳар олоишии дил пок кардам

Гузар бар ҳиҷла афлок кардам

Ки ин бикрони маънӣ рӯ намуданд

Ниқоби ғайб аз талъат гушӯданд

Сухани кови бикри хилватгоҳ ғайб аст

Ниҳон гардӣда дар харгоҳ айб аст

Ба ҳар олӯдае кӣ рӯи намояд

Ниқоби ғайб кӣ аз рӯи кушояд

Касе кин назми давр андеша хонд

Агар таърих таснифаш надонад

Шуморади панҷ навбати сӣ ба тазъиф

Ки бо шаш бошадаш таърихи тасниф

Надонадгар ба ин қонӯн ки шуд фикр

Биҷӯед аз ҳамаи абёти пари фикр

Гузидамгар тариқи худ стоиӣ

Баён кардам суханҳои ҳавоӣ

Банно бар суннати аҳли сухан буд

Вагар на ин сухан кӣ ҳади ман буд

Касе кин назм бемиқдор хонд

зи сади байт ар яке пуркор донад

зи айби он дигарҳо дидаи дузад

Чароғи васфи инро брФрўзд

На расми айби ҷӯӣ пеша созад

Ҳаёти худ дар ин андеша бозад

Ҳамон ба кин ҳикоятҳо нагӯям

Ки бошам ман ки бошад айб ҷӯям

Худоёи пардае бар айби ман каш

Забони ҳарфи гирон дар даҳани каш

Каломамро бидиҳ он ҳолати хос

Казу гирданд аҳли ҳоли раққос

Бунаи Меҳрӣ бар ин қалби зар андӯд

Ки дар малики ҷаҳон роиҷ шавад зуд

Ба ин зебои арӯси наврасида

Ки аз нави парда аз талъат кашида

Бидиҳ бахтӣ ки оламгир гардад

На аз бетолъиҳо пер гардад

Дар носуфтаи ин ганҷи маънӣ

Ки дар маънӣ надорад ранҷи даъвӣ

зи дасти хоинонаш дар амони дор

Ба малики ҳифзи хешаши ҷовдони дор

Қабули хосу омаши соз ёрб

Ба хотирҳо мақомаши соз ёрб