Хам шуд аз боди мухолифи қади раънои ҳусайн

эй фалаки вои ҳусайн

Ҳамчуи гули ғарқа ба хӯн шуд рухи зебои ҳусайн

эй фалаки вои ҳусайн

Оташин гул кунад аз хӯни шақоӣқ ба канор

Боғро дасти баҳор

То кунед аз туфи дили ғунчаи лабҳои ҳусайн

эй фалаки вои ҳусайн

Дар шигифтам ки чаро дар тани зарроти ҷаҳон

Шқ нашуд ҷомаи ҷон

Шуд чу ташрифи кафани рост ба болои ҳусайн

эй фалаки вои ҳусайн

Маҷмаъ дил шавад аз тафриқаи лабрези малол

Оядам чун ба хаёл

Аз парешонеи гесуии самани сои ҳусайн

эй фалаки вои ҳусайн

Бскаҳи хунини кафан аз вартаи тӯфони ҳалок

Сари баровардаи зи хок

Хайма бар доман маҳшар зада ғавғои ҳусайн

эй фалаки вои ҳусайн

Бар сари нахли ҳарами ғунчаи пайкон чу баҳор

Бскаҳ гул карда нисор

Рашки гулзор Ирам гашта саропои ҳусайн

эй фалаки вои ҳусайн

Дидаи яғмо чаҳ ғами имрӯз агарат кард сиришк

Тиҳӣ аз гавҳари ашк

Кунҷи иззати талаб аз давлати фардои ҳусайн

эй фалаки вои ҳусайн