То бӯи магар ба сангдилӣ меҳрбон кунанд

Сангини дилат ки санг ба санг имтиҳон кунанд

Хоҳам зи мардумӣ ба дар оем ба ҷилди саг

Вонгаҳ дар остони туам посбон кунанд

Ғайру рақибу муддаӣ онгаҳ ба иттифоқ

Рӯзии шабии гузор бар он остон кунанд

Гӯйанд хурдсоли ҷавонони майкада

Перони соли хӯрда ба ҷомӣ ҷавон кунанд

Ман пери соли хӯрдаи ҷавонони хурдсол

Аз як пиёлаи коши маро имтиҳон кунанд

. . .

Зоғон ки бар гул аз хасу хор ошён кунанд