То ба кӣ дорӣ ба Эрон ва ба Эронии умед

То ба кӣ гӯйӣ ки субҳи давлат Эрон дамид

То ба кӣ гӯйӣ ки оби рафта боз ояд ба ҷӯй

То ба кӣ бояд аз ин алфоз бемаънӣ шунид

То ба кӣ бояд ки миллатро намӯд иғфолу ранг

То ба чанд ин миллат бемағзро додани навид

Мамлакати якбораи истиқлоли худ аз даст дод

Шоҳбози сарварӣ аз бом Эронӣ парид

Як назар бинмо ба адлия бибин довар чаҳ кард

Бо тамоми он ҳаёҳӯ бо ҳамаи въди ваъид

Гар ниқоб аз чеҳраи ин адл бурдоранд халқ

Риштаро бе пардаи даст аҷнабӣ хоҳанд дид

Ин ҳаёҳӯ аз барои хизмат Эрон набӯд

Кард аз мо ин сиёсати оқибати қатъи умед

Сол таърихаш шунидам аз сурӯш ғайб гуфт

Доварӣ бе додгари адлияро бар гуҳ кашид