Гулранг шуд дару дашт , аз ашкбории мо

Чун ғайр хӯн наборад , абри баҳории мо

Бо сад ҳазор дида , чашми чамани надида

Дар гулистони гетӣ , мурғӣ ба хории мо

Бехонимону мискин , бадбахту зору ғамгин

Хуб эътибор дорад , бе эътибории мо

Ин пардаҳо агар шуд , чун синаи пораи доне

Дили пардаи парда хӯнаст , аз пардаи дории мо

Як дастаи манфиати ҷӯ , бо муштии аҳримани ху

Бо ҳам қарор доданд , бар бе қарории мо

Гӯши сухан шинав нест , рӯй замини вагарна

То осмон расидааст , гулбонги зории мо

Бемеҳр рӯй он ма , шаб то саҳар нашуд кам

Ахтршмории дил , шаби зиндаи дории мо

Бас дар мақоми ҷонон , чун банда ҷон фишондем

Дар ишқ шуд мусаллам , парвардгории мо

Аз фари фақри додем , фармон ба боду оташ

Асбоб обрӯ шуд , ин хоксории мо

Дар ин диёри борӣ , эй кош буд ёрӣ

Каз рӯй ғмгсорӣ , ояд ба ёрии мо