Боз гӯям ин суханро гарчи гуфтам борҳо

намениҳанд ин хоинин бар дӯши миллати борҳо

Пардаҳои тор ва рангорангӣ ояд дар назар

Лек махфӣ дар пас он пардаҳо асрорҳо

Морҳои маҷлисии дороӣ заҳрӣ мӯҳликанд

Алҳзри борӣ аз он маҷлис ки дорад морҳо

Дафъи ин кафторҳо гуфтор натавонад намӯд

Аз раҳи кирдор бояд дафъи ин кафторҳо

Кишвари мо пок кӣ гардад зи лавси хоинин

То наризад хӯни нопок аз дар ва деворҳо

Музди кори коргарро давлат мо ме кунад

Сарфи ҷайби ҳарзаҳо , велгардҳо , бекорҳо

Аз барои ин ҳамаи хоин буд як дор кам

Пар кунед ин паҳни майдонро зи чӯби дорҳо

Дорҳо чун шуд ба по бо дасти кин боло кашид

Бар сари он дорҳо солорҳо , сардорҳо

Фаррухии ин хайл хоб олуд маст ғифлатанд

Ин суханҳоро бибояд гуфт бо бедорҳо