Расму раҳи озодӣ ё пеша набояд кард

ё онкии зи ҷони бозӣ андеша набояд кард

Судӣ набарӣ аз ишқгар ҷуръат шерат нест

Осӯдаи гузари ҳаргизи зин пеша набояд кард

Гар оби рузат бояд эй молик бе инсоф

Хӯни дили деҳқонро дар шиша набояд кард

Дар сояи истибдод пажмурда шуд озодӣ

Ин гулбуни наврасро береша набояд кард

Бо дос ва чаккуш кун маҳв , ин хусравии айвон ро

Чун кӯҳканӣ ҳар рӯз бо теша набояд кард